Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ: Ғаффорзода сардори Раёсати кор бо занон таъин шуд

© Sputnik / Фируз УмарзодаХуджанд, архивное фото
Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ғаффорзода Нигорахон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, бо қарори раиси вилояти Суғд аз 6 октябри соли 2017, №481 ва розигии раиси Кумитаи кор бо занон, Ғаффорзода Нигорахон сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъйин гардид.

Ғаффорзода Нигорахон соли 1979 дар шаҳри Конибодом таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Эмомалӣ Раҳмон чанд додрасро аз симат барканор кард

Соли 2001 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, соли 2012 Коллеҷи технологии шаҳри Конибодом ва соли 2017 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимиро бо ихтисоси иқтисодчии байналхалқӣ-дипломат, муҳандис – энергетик хатм намудааст.

Ғаффорзода унвонҷӯйи Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Ғаффорзода Нигорахон солҳои гуногун дар вазифаҳои иқтисодчии ҶСШК "Конибодом", ҷонишини директори ширкати барқӣ-техникии ҶДММ "Ғаффор Алиев"-и шаҳри Конибодом, сарвари маркази иҷтимоӣ-реинтегратсионӣ барои занҳои эҳтиёҷманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом, мутахассиси сектори давлатӣ оид ба метрологияи Агентии Тоҷикстандарт дар шаҳри Конибодом, директори ширкати барқӣ-техникии ҶДММ "Ғаффор Алиев"-и шаҳри Конибодом кор кардааст. Солҳои 2015-2016 дар вазифаи сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва аз соли 2016 то инҷониб дар мансаби мудири шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият бурдааст.

Ғаффорзода Нигорахон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0