Пас аз ҷанҷол дар парлумон: масъулини ЕАЭС аз вазифа барканор шуданд

© Sputnik / Asatur YesayantsФлаги стран ЕАЭС. ЕЭС, архивное фото
Флаги стран ЕАЭС. ЕЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бархе аз вазифадорон барои риоя накардани Қонуни гумруки ЕАЭС танбеҳ гирифтанду чанде аз вазифа барканор шуданд

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Панҷ масъули ҳукуматӣ оид ба ЕАЭС дар Қирғизистон аз вазифа барканор шуданд. Дар ин бора манбаъе аз девони вазирон ба хабарнигори Sputnik Қирғизистон хабар додааст.

Нахуствазири Қирғизистон Сапар Исоқов намояндаи Қирғизистон дар ЕАЭС Санҷар Умедалиев, ки ҳамчунин муовини раҳбари дастгоҳи ҳукумат ва мудири шӯъбаи корҳои Иттиҳоди иқтисоди УруОсиё мебошад, аз вазифа озод кард.

Врач скорой помощи - Sputnik Тоҷикистон
Таъйиноти кадрӣ дар Вазорати тандурустӣ

То ин дам Исоқов ба вазири иқтисод Артем Новиков ва раҳбари Хадамоти гумрук Кубаничбек Кулматов танбеҳ дод. Ҳамчунин муовини вазири иқтисод Баккелди Туменбоев ва муовини раиси Хадамоти давлатии гумрук Замирбек Ниёзалиев танбеҳ гирифтанд. 

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде аз кормандони дастгоҳи ҳукумат аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Барканориҳо дар паи хатогӣ ҳангоми омодакунии тарҳи қонун "Дар бораи тасвиби созишнома дар бораи кодекси гумруки ЕАЭС" ба амал омаданд.

Ин қонун бояд дар Қирғизистон 15 январ рӯи кор меомад, вале ҳукумат бо дарёфти хатогӣ ба вакилони Жогорку Кенеш пешниҳод кард, ки  онро ислоҳ карда, қонунро чун дар дигар кишварҳои узви ЕАЭС-1 январи соли 2018 ба тасвиб расонанд.

Дар рафти баррасии қонун вакилон қарор доданд, ки бояд масоили вазифадороне, ки хато кардаанд муҳокима шавад. Кумитаи ЖК оид ба муносиботи байнулмилаллӣ ба ҳукумат дар ин росто супориш доду парлумон Кодекси гумрукро қабул кард.

Лентаи хабарҳо
0