ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Дар чорчӯби сафари корӣ ба Русия як гуруҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гуруҳи "Авангард" дар Қасри фарҳанги халқҳои дунёи шаҳри Тюмен бо ҳамватанони бурунмарзӣ дидор карданд.
Ҳамчунин ин гурӯҳи корӣ бо варзишкорони тоҷик, ки дар маҷмааҳои варзишии шаҳри Тюмен машқу тамрин менамоянд, вохӯрдаву аз шароити тамрини онҳо бохабар шуданд.
Рӯзи 23-юми декабр гуруҳи корӣ бо муфтии шаҳри Тюмен вохӯрӣ доир намуда, дар рафти суҳбат сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Фаттоҳзода Абдусаттор дар масоили пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва иртиҷоӣ суханронӣ кардааст.
"Полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ сухангӯи ВКД ҶТ дар мавзӯъҳои дини мубини Ислом, ки ваҳдату ягонагӣ ва поктинатист суҳбат намуда, Ватанро гӯшае аз имон маънидод намуд", — омадааст дар хабарнома.
Рӯзи 24-уми декабр намояндагони Тоҷикистон ба шаҳри Челябинск омада, дар "Хонаи дӯстии халқҳо"-и шаҳри мазкур бо ҳамватанон мулоқот баргузор намуда, доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, баланд бардоштани маърифнокӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Пештар хабар дода шуд, ки 19-уми декабр, як гуруҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гуруҳи "Авангард" ба Русия сафар намуда, бо муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон ва донишҷӯёну ҷавонон, ки дар қаламрави ин кишвар ба таҳсилу фаъолият машғуланд, суҳбату вохӯриҳо доир менамоянд.