ДУШАНБЕ, 20 дек— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи сафари ин гурӯҳ дидор бо тоҷикони бурунмарзӣ буда, пеш аз ҳама ҷавонон бо ҳамсолонашон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.
"Ин севумин бор аст, ки бо ибтикор ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода чунин гурӯҳҳо ба Русия сафар карда, аз ҳолу аҳволи ҳамватанон дар ин кишвар бохабар мешаванд", — омадааст дар хабарнома.
Дар рӯзи дуюми сафар намояндагони ВКД ва гурӯҳи ҷавонони "Авангард" аз Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дидан карданд.
Сафари намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гуруҳи ҷавонони "Авангард" ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва вохӯрӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ идома дорад.