ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилии ҶТ хабар медиҳад.
"Намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли гуруҳи "Авангард" бо намозгузорон дар Масоҷиди ба номи Имоми Аъзами шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия вохӯрӣ доир намуда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ сӯҳбати озоду самимӣ доир намуданд", —омадааст дар хабарнома.
Дар доираи сафари корӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ дар Донишгоҳи Федералии Урал (УРФУ) бо донишҷӯёни тоҷик дар мавзӯи "Ҷавонон — ояндаи миллат" баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар кори он сардори Хадамоти пешгириии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ полковники милитсия Фатозода Абдусаттор, сардори Маркази матбуоти Дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, гуруҳи ҷавонони "Авангард" ва дигар донишҷӯёни фаъол дар мавзӯъҳои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ватандорию ватанпарастӣ баромадҳо карданд.
Беш аз 30-ҳазор донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Донишгоҳҳои олии давлатҳои ҷаҳон дар риштаҳои гуногун таҳсил менамоянд.
Пештар хабар дода шуд, ки рӯзи 19-уми декабр дар доираи дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷавонони гуруҳи "Авангард" ба Русия сафар карданд.
Ҳадафи сафари ин гурӯҳ дидор бо тоҷикони бурунмарзӣ буда, пеш аз ҳама ҷавонон бо ҳамсолонашон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ин севумин бор аст, ки бо ибтикор ва дастгирии вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода чунин гурӯҳҳо ба Русия сафар карда, аз ҳолу аҳволи ҳамватанон дар ин кишвар бохабар мешаванд.