ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар толори маҷлисгоҳи РВКД дар ВМКБ роҳбарияти Раёсат, ҳайати шахсӣ, сарбозону афсарони қисми низомии 3503-и Қӯшунҳои дохилии ВКД дар ВМКБ паёми навбатии Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамроҳ тамошо карданд. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Паёми навбатии раисҷумҳур ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро инчунин тамоми ҳайати шахсии ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», ШХДО дар ВМКБ дар маҷлисгоҳҳо ба воситаи телевизион тамошо намуданд.
Дар ин паём Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриямон дастуру супоришҳо дода, аз ҷумла қайд кард, ки дар шароити муташанниҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати он торафт вусъат гирифтани низоъҳои байни давлатӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.
"Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки фаъолияти худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд ва барои иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо қарор доранд ҳамеша омода бошанд. Роҳбарон ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар иҷрои вазифа ва ӯҳдадориҳояшон доим ҳушёру зирак бошанд. Барои таъмини волоияти қонун тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза баранд", — гуфт раисҷумҳур.
Пас аз тамошои паём, сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Ғоиб Бухоризода гуфтааст, ки ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ бояд суханони раисҷумҳурро сармашқи кори худ намуда, ба Савганди худ ҳамеша содиқ ва бо ҳисси баланди ватандӯстонаи худ аз рӯи суханони Эмомалӣ Раҳмон амал намояд ва барои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз зумраи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ қотеъона мубориза барад.
Аз ҳарвақта дида, бештар фаъолияти худро дар иҷрои ҳамагуна супоришҳои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ барои таъмини амнияти шаҳрвандон ва пойдории ҳамешагии сулҳу суботи кишвари азизамон ҷоннок намоянд.
"Меҳнати шабонарӯзии кормандони ҳифзи ҳуқуқро баҳои баланд дода, дар Паёми навбатии имсола маоши кормандони милитсияро 10 фоиз баланд намуд", — гуфтааст Бухоризода.
Ғоиб Бухоризода барои баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ ва хештаншиносӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир ба масъулини соҳаҳои хизматӣ ва иштирокдорон дастуру супоришҳои мушаххас додааст.