ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди вакилони Маҷлиси Тоҷикистон бо паёми солона баромад мекунад.
Раисҷумҳур дар рафти ин баромади худ, изҳори нигаронӣ кард, ки "замоне расидааст, ки сифати маҳсулоти ба кишвар воридшаванда санҷида шавад".
Дар ҳамин ҳол кишвардор аз заҳролудшавии як хонавода аз ҳасиб ёдовар шуд.
"Аз роҳ як хонавода ҳасиб хариданд. Барои наҳории фарзандонашон. Аммо бо истеъмоли он як хонавода заҳролуд шуд ва як кӯдак ба ҳалокат расид. Кӣ ҷавобашро миендиҳад?",-изҳори нигаронӣ кард раисҷумҳур.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон гуфт, имрӯз масъулин дар телевизор намоишкорона нишон медиҳанд, ки маҳсулоти бесифат ё ғайриқонунӣ воридшударо дарёфт кардаанд. "То имрӯз куҷо буданд?".
Эмомалӣ Раҳмон ишора кард, ки худи масъулин иҷоза доданд, ки ин гуна маҳсулот аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ёдовар мешавем, кишвардори Тоҷикистон охирҳои моҳи ноябр дар маҷлиси ҳукумаитӣ аз сифати пасти маҳсулоти виридшаванда ҳушдор дод ва чанде аз масъулинро сабукдӯш ва чанде дигарро танбеҳ дод.