ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисҷумҳур дар Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ аз амалкарди бонкҳои тиҷорӣ ба шиддат интиқод кард.
"Вазъи низоми пуливу қарзии кишвар, бахусус, фишори нархи арз бар пули миллӣ, ноустувории сармояи бонкӣ, сатҳи нокифояи қарздиҳӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷалби сармоя моро водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои таъхирнопазир андешем. Соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт", — тавзеҳ дод вай.
Раисҷумҳур ин вазъро "натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк", донист.
Вай ба Ҳукумати ҶТ дастур дод, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро дар кутоҳтарин муддат таҳия ва амалӣ намояд.
Раисҷумҳур дар бахши дигаре аз Паёмаш гуфт, ки пасандозҳои созмонҳои вомдиҳанда то 30 ноябри соли 2017 камобеш 9 милёрд сомониро ташкил медодаанд, ки 464 милюн сомонӣ ё 5 дарсард камтар аз ҳамин давраи дар соли 2016 аст.
Вай гуфт, бино бар таҳлили сохтори қарзи ҷудогардида дар 11 моҳи соли 2017, ҳаҷми он ба соҳибкории тавлидӣ куллан 4 дарсад ва ба соҳаҳои хидматрасонӣ 43 дарсад афзудааст.
"Ин вазъ ба суръати рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва махсусан, ба раванди саноатикунонии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки дар самти гузаронидани ислоҳоти зарурии пуливу қарзӣ, муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, сатҳи нархҳо, фаъолияти бонкҳо, назорати риояи қонунгузории бонкӣ ва такмили он, паст кардани дараҷаи хавфҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои идораи корпоративӣ чораҳои мушаххас андешад", — дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.