ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ин нукотро Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон эълом кард.
Раисҷумҳур Раҳмон Паёми солонаашро ба Маҷлиси қонунгузори кишвар имрӯз дар "Кохи Сомон" бо ширкати вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Миллӣ, раисони вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, раҳбарони вазоратҳову идораҳои кишварӣ ва лашкарӣ эълом кард.
Вай дар ин санад самтҳои аслии рушду пешрафти Тоҷикистонро барои соли 2018 тайин кардааст.
Аз ҷумла, раисҷумҳур дар ин паём мавзуъи будҷаи давлатӣ барои соли ояндаро матраҳ карду гуфт, ки он ҷандаи иҷтимоъии худро нигаҳ хоҳад дошт, яъне бахши умдае аз он барои умури омӯзишу парвариш, дармону тандурустӣ ва беҳзистии иҷтимоъӣ ҳазина хоҳад шуд.
Эмомалӣ Раҳмон эълом кард, ки дар соли оянда музди кор, ҳуқуқи бознишастагӣ ва кумакҳазинаҳои донишҷӯӣ афзоиш хоҳанд ёфт.
"Аз аввали моҳи сентябри соли 2018 музди кори кормандони давлатӣ, бахшҳои омӯзишу тандурустӣ, фарҳангу варзиш ва ҳифзи иҷтимоъӣ то 15 дарсад, музди кормандони сохторҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ то 10 дарсад ва ҳуқуқи нафақа ва стипендия низ то 15 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт", — эълом кард кишвардори Тоҷикистон.
Бино бар додаҳои омор, ҳамакнун болотарин музди кор дар Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва поинтарин музд дар ноҳияи Кӯҳистони Масчо муқаррар шудааст.