Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пешниҳод мекунам, ки соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад, қайд кард раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълом карда хоҳад шуд. Ин пешниҳодро кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солона ба Маҷлиси кишвар ироа кард..

"Пешниҳод мекунам, ки соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад",- қайд кард раисҷумҳури кишвар.

Робита ба ин пешниҳод Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвар тамоми имкониятҳояшро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ровона хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, соли 20017 дар Тоҷикистон бо пешниҳоди кишвардори Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0