Гардишгар: Тоҷикистон худ дарашро ба рӯи ҷаҳонгардон мебандад

© Фото : из личного архива Антона КротоваАнтон Кротов, архивное фото
Антон Кротов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гардишгари машҳури рус Антон Кротов мегӯяд далели кам будани ҷаҳонгардон дар Тоҷикистон озод набудани рафту омад миёни шаҳру вилоятҳои кишвар аст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik, Илона Ярош. Ҷаҳонгарди рус, бунёдгузори "Мактаби гардишгарии озод" Антон Кротов аз сайёҳати навбатии худ аз Осиёи Марказӣ бозгашт.

Дар ин сафараш Кротов ба Тоҷикистон рафтаву ду ҳафта дар Мурғоб ба сар бурдааст. Дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон гардишгар хотироташро аз Тоҷикистон ёд карду далели кам будани гардишгаронро дар Тоҷикистон гуфт.

Кротовро дар Осиёи Марказӣ бисёр касон мешиносанд. Ин ҳафтумин сафари ӯ ба ин минтақа буд. Ҳар боре, ки гардишгар ба Осиёи Марказӣ меравад, дар кишваре чанд рӯз ба сар мебараду ҳатман аз Тоҷикистон низ боздид мекунад.

"Ман аз 103 кишвари ҷаҳон боздид кардаам ва одат кардаам ба ҷойҳои хуб бар гардам. Тоҷикистон беҳтарин кишвар аст. Тоҷикон меҳмоннавозтарин мардуми дар паҳнои Шуравии пешин ҳастанд", — гуфт ин гардишгар.

© Фото : из личного архива Антона КротоваГоры в Таджикистане
Горы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Горы в Таджикистане

Дар охирин сафари худ Антон бо гурӯҳе аз гардишгарон ду ҳафта дар ноҳияи Мурғоб ба сар бурд. Вай барои вуруд ба қаламрави вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷозатномаи ҷудогонае ҳам дарёфт кардааст.

"Албатта шумораи хориҷиёне, ки хостори боздид аз Тоҷикистон ҳастанд, афзудааст. Мушкил ин аст, ки барои боздид аз бархе аз ноҳияҳои Тоҷикистон бояд иҷозаи вуруд гирифт. Масалан, дар Қирғизистон чунин мушкил нест, барои ҳамин шумораи гардишгарон дар он ҷо бештар аст", — тавзеҳ дод Кротов.

Музаффари Имомдод дар назди кӯли Сарез. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сӯҳбат баъди сайри Сарез: “Аждаҳои хуфта” ё муъҷизаи безарари табиат?

Ин гардишгар дар гуфтугӯ борҳо аз меҳмоннавозии тоҷикон ёдоварӣ кард. Ҳар ҷое, ки гардишгар мерафта, ӯро чун меҳмони азиз пешвоз гирифта чойу шириниву ҷои хоб пешниҳод мекарданд. Ба гуфти Антон, ҳатто агар мардум зиндагии миёнҳолона дошта бошанд ҳам, кӯшиш мекунанд, ҳамеша меҳмонро ғизо диҳанду бо ӯ суҳбат кунанд.

"Мардуми бумӣ ҳамеша омодаанд гардишгарро ба  хонаашон даъват кардаву чойу ширинӣ пешниҳод кунанд. Агар дар кӯчае гашту гузор кунӣ мардум ба наздат омада мепурасанд, ки аз куҷоӣ ва ин ҷо чӣ кор мекунӣ. Аксари мардум аз шунидани гуфтори русӣ бисёр шод мешаванд", — нақл кард Антон.

Ба гуфти Кротов, дар Тоҷикистон натанҳо меҳмоннавозӣ дар сатҳи олист, балки ройгонсаворӣ ё автостоп ҳам хеле хуб аст. Ӯ мегӯяд, на ҳама мардуми бумӣ маънои "автостоп"-ро медонанд, вале розӣ мешаванд, гардишгаронро бепул ба мақсад бирасонанд. Агар ройгон ҳам нашуд, арзон мебаранд.

© Фото : из личного архива Антона КротоваТаджикские деньги, архивное фото
Таджикские деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Таджикские деньги, архивное фото

"Нархро на танҳо дар бозорҳо, балки дар ҳамаҷо метавон арзон кард. Дар Тоҷикистон чона задан дар савдоро бисёр дӯст медоранд ва бо камоли майл чона мезананд", — афзуд Кротов.

Ин гардишгарро аз Қирғизистону Узбакистон ҳам хуш омадааст, вале Кротов иқрор мекунад, ки гардишгарӣ дар Узбакистон мушкилтар шуда, зеро маҳдудиятҳо бештар шудаанд. Масалан, акс гирифтан аз бисёре аз маҳаллҳо мамнуъ шудааст.

Дар бораи нақшаҳои оянда Кротов бо боварӣ мегӯяд, ки пас аз панҷ сол ҳатман ба Тоҷикистон бар мегардад.

"Ман дар маконҳои гуногун ба сар мебарам. Ҳуҷра ё манзилеро барои зист иҷора мегирам. Масалан дар Душанбе ва Мурғоб зиндагӣ кардаам. Пас аз панҷ сол — дар соли 2022 нақша дорам дар Хоруғ зиндагӣ кунам", — хулоса кард гардишгар.

Лентаи хабарҳо
0