Тоҷикистон марз бо Афғонистонро баст

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкСолдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото
Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон панҷ пул ва як гузаргоҳ бо Афғонистонро баст

ДУШАНБЕ, 14 дек— Sputnik. Тоҷикистон муваққатан марз бо Афғонистонро баст. Дар ин бора "ТоҷикТА". хабар медиҳад.

Ин иқдом ба хотири таъмини амният пеш гирифта шудааст.

"Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири таъмини амният муваққатан як гузаргоҳи бузургро дар ҳудуди вилояти Бадахшону ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон баст", —хабар доданд аз ҳукумати вилояти Хатлон.

Пограничники Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Талаби Душанбе аз Кобул: қотилони фармондеҳ Аҳтамовро ёбед

Дар айни ҳол ҳаракат тариқи панҷ пули дарёи Панҷ ва як гузаргоҳ баста шудааст.

Вале сухангӯи нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабари баста шудани марз бо Афғонистонро рад кард.

Волии вилояти Бадахшони Афғонистон Аҳмад Файсал Бекзод бошад, хабари баста шудани мархзро таъйид кард.

Ба гуфти ӯ дар ҳоли ҳозир ҳукумати Афғонистон бо ҷониби Тоҷикистон бобати кушодани гузаргоҳҳо гуфтушунид дорад, то бошандагони манотиқи марзӣ дар фасли сармо аз дунё канда нашаванд.

"Кушодани марз ва фаъол будани пулҳо муҳиму ҳаётӣ барои мост. Мо роҳи хуб бо марказ надорем. Бахусус дар ин шабу рӯз ва барфбориҳо роҳ ба марказ мушкилгузар аст. Аз ин рӯ, тамоми маводи ғизоӣ аз самти Тоҷикистон ворид мешавад". — гуфтаст ӯ.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Пас аз қазияи куштор дар марз: вазирони тоҷику афғон дар бораи чӣ суҳбат карданд

Сабаби баста шудани марз бо Афғонистон муқовимати мусаллаҳона дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон буд, ки дар паи он сарфармондеҳи Тоҷикистон Хайриддин Аҳтамов кушта шуд.

Дар натиҷаи кашокашӣ ҳамчунин се кас аз қочоқбарон нобуд карда шуданду чаҳор марзбони дигари тоҷик ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз Афғонистон талаб кард, ки қазияи кушта шудани фармондеҳи тоҷик дар паи задухӯрд дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро пайгирӣ ва ҷинояткоронро дастгир кунанд.

Лентаи хабарҳо
0