Пас аз қазияи куштор дар марз: вазирони тоҷику афғон дар бораи чӣ суҳбат карданд

© Фото : Аз равобити умумии ВУХ ҶТМулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 8 декабр дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти 24-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Урупо, Сироҷидин Аслов ва Салоҳиддин Раббонӣ дидор карданд

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гузориши манбаъ, зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, мавзӯъҳои минтақавию байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ шуда, татбиқи тарҳҳои зерсохтории нақлиётӣ ва энергетикӣ, инчунин барномаҳои иқтисодии дорои аҳамияти миллию минтақавӣ зарур шуморида шуд.

"Ҳамзамон, тарафҳо атрофи чорабинии сатҳи баланди байнамилалӣ дар доираи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки баргузории он соли оянда дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мубодилаи афкор намуданд", — омадааст дар хабарнома.

На таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Сарҳанги нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон кушта шуд

Ёдоварӣ мекуем, ки рӯзи 2 декабр дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дувоздаҳ (12) нафар қочоқбарони мусаллаҳ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.  

Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд.

Дар натиҷа сардори қисми сарҳадбонии мавзеъи мазкур фармондеҳ Аҳтамовро захмӣ гардида дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳамчунин чаҳор сарҳадбони қисми мазкур, аз ҷумлаи афсарони он, ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд.

Дар ин росто Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистсон аз Афғонистон талаб карда буд, ки қазияи кушта шудани фармондеҳи тоҷикро пайгирӣ ва ҷинояткоронро дастгир кунанд.  

Лентаи хабарҳо
0