ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ирсоли ёдошти расмӣ аз ҳукумати Афғонистон пайгирии қазияи рӯзи 2-декабрро талаб кардааст.
Дар нотаи расмии ВУХ ҶТ омадааст, "тибқи маълумоти мавҷуда санаи 2 декабри соли 2017 соати 19:00 дар мавзеъи кӯҳии деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон дувоздаҳ (12) нафар қочоқбарони мусаллаҳ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо роҳбарии Неъмат, Саттор ва Туғалӣ (сокинони вилояти Тахор) сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур намуда ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Дар қисмати ин ҷониб, назди сарҳади давлатӣ миёни сарҳадбонони Тоҷикистон ва қочоқбарони афғон муқовимати мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст. Пас аз ҳодисаи мазкур ҷинояткорон ба самти Афғонистон фирор карданд.
Дар натиҷа сардори қисми сарҳадбонии мавзеъи мазкур захмӣ гардида дар ҷои ҳодиса ҳалок шуд. Ҳамчунин чаҳор сарҳадбони қисми мазкур, аз ҷумлаи афсарони он, ҷароҳат бардошта ба бемористон интиқол дода шудаанд.
"Бинобар ҳодисаи рухдода, Ҷумҳурии Тоҷикистон ёддошти расмиро ба ҷониби Афғонистон супорид ва бо исрор талаб кард, то мақомоти вобастаи ҷониби афғонистонӣ ҳодисаи мазкурро мавриди пайгирӣ қарор диҳанд ва ҷиҳати дастгир намудани ҷинояткорони ҳодисаи мазкур иқдом намоянд", — омадааст дар нома.
Ҳамзамон, ҷониби тоҷикистонӣ изҳори умед кард, ки ҷониби афғонистонӣ иқдомоти ҷиддиро пеша намояд, то қисмати сарҳади давлатии ҷониби худро мавриди назорати шомил қарор дода, минбаъд такрор ёфтани ҳаводиси ба ин монандро пешгирӣ намояд.