Тақдими калиди тиллоӣ ва унвони шаҳрванди фахрӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 09.12.2017
Эмомалӣ Раҳмон - Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун 09.12.2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ ба Эмомалӣ Раҳмон калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карду раисҷумҳурро шаҳрванди фахрӣ эълом кард

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳур, ин унвонро Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо маъмурияти ин шаҳр гирифт.

Манбаъ мегӯяд, ки пеш аз оғози вохурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ намоишгоҳи дастовардҳои мардуми тоҷик, аз қабили чакан, зардӯзӣ, аксу мусаввараҳои манзараҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва намунаи дигар анъанаҳои миллии халқи тоҷикро, ки аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун ташкил гардида буд, тамошо карданд.

Оғози сафари расмӣ дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун - Sputnik Тоҷикистон
Пешвози Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Шоҳзода Алия

Дар мулоқот, ки дар бинои маъмурияти шаҳри Аммон баргузор гардид, Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар назди вакилони Шӯрои шаҳрдории Аммон ва аъзои маъмурияти шаҳр оид ба ҳадафи сафари нахустинашро гуфтааст.

Раисҷумҳур итминон дорад, ки Тоҷикистон ва Урдун, бо такя ба алоқамандии амиқи таърихӣ, робитаҳои гуногунҷанбаи худро тавсеа бахшида, ҳамкориҳояшонро ба сатҳи сифатан нав хоҳанд баровард.

"Мо омодаем, ки дар якҷоягӣ бо ҷониби Урдун баҳри рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳоямон дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кушишҳои пайваста ба харҷ диҳем" — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Сипас, раиси шаҳри Аммон Юсуф Шаварбеҳ дар бораи саҳми арзанда ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар, таҳкими дӯстию бародарии мардумони Тоҷикистону Урдун, инчунин дигар ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра суханронӣ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Эмомалӣ Раҳмон Калиди рамзии тиллоии шаҳри Аммонро тақдим карданд.

Ҳамин тавр Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби Унвони олии — Шаҳрванди фахрии шаҳри Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдун гардиданд.

Ёдоварт  мекунем, ки то имрӯз Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони шаҳрванди фахрии якчанд мамлакати дигари ҷаҳон шудааст.

Лентаи хабарҳо
0