ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми ин кишвар пешвоз гирифтанд.
"Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Шоҳзода Алия, ки ба хотири ташрифи сарвари Тоҷикистон бо парчамҳои ҳар ду давлат идона ороста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Шоҳигарии Ҳошимии Урдун самимона истиқбол гирифтанд", —омадааст дар хабарнома.
Пештар хабар дода шуд, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун сафар кард.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.