ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Сарҳанг Хайриддин Аҳтамов, фармондеҳи посгоҳи марзбонӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар задухӯрде, ки имшаб миёни марзбонон ва қочоқбарони маводи мухаддир аз Афғонистон рух дод, кушта шудааст.
Бино ба гузориши манобеъи хабаргузории Sputnik, дар ин даргирӣ, ки дар наздикии деҳаи Лангуриҳо сар задааст, ҳамчунин 4 марзбон захмӣ шудаанд.
То ин замон яке аз онҳо дар бемористони ноҳияи Восеъ ва се тани дигар дар бемористони ҷамоати Саричашма бистарӣ шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин марзбонҳо сахт захмӣ шудаанд ва қарор аст ду тан аз онҳоро бо чархбол ба бемористони низомии Душанбе бибаранд.