ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
"Доир ба сохтмони як корхонаи муштараки дорусозӣ, таъсиси донишкада ва ё факултаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии Саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби табибони тоҷик ба ин мамлакат барои кори доимӣ, ба роҳ мондани амалиётҳои хайрияи ҷарроҳӣ барои беморони эҳтиёҷманди Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона тавофуқоти пешакӣ ҳосил шуд", — омадааст дар хабарнома.
Ҳайъати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони Саудӣ дидан карданд.
Ногуфта намонад, ки вазири тандурустии Тоҷикистон Насим Олимзода барои иштирок дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ қарор дорад.
Пештар хабар дода шуд, ки Аморати Муттаҳидаи Араб хостори зудтар равон кардани қувваи корӣ аз Тоҷикистон шудааст.