ДУШАНБЕ, 15 ноя— Sputnik. Дар ин росто Аморати Муттаҳидаи Араб аз ҷониби Тоҷикистон ҳарчӣ зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи кориро талаб кардааст.
Ба гузориши равобити умумии ВУХ ҶТ, рӯзи 14 ноябр, сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АМА Б. Шарифӣ бо вазири захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаноби Носир Сонӣ Ал Ҳамилӣ дидор ва мулоқот кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ки дар мулоқот ҷонибҳо қанотмандии худро аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф изҳор намудаанд.
"Ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳоро дар самти ҷалби қувваи корӣ, инчунин ҳарчӣ зудтар мувофиқа ва ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти қувваи корӣ таъкид сохтанд", — омадааст дар хабарнома.
Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи октябр раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳукумати Аморат барои кӯмакҳо ҷиҳати бартарафсозии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон сипосгузорӣ кард.