ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти иттилоърасонии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин дидор бар густариши ҳамкориҳо таъкид шуд.
Аз ҷумла ҳамкорӣ дар бунёди корхонаи муштараки дорусозӣ, донишкадаи байналмилалии тиббӣ бо сармоягузории хусусии саудӣ, осоишгоҳҳои муштарак, ҷалби пизишкони тоҷик ба Арабистон барои кор барои ду кишвар муҳим арзёбӣ шуд.
Дар ин дидор имкони роҳандозии амалҳои ҷарроҳии хайрия барои дармонҷӯён аз Тоҷикистон ва кумакҳои гуногуни башардӯстона аз Арабистон баррасӣ ва дар ин замина тавофуқоте ҳосил шуд.
Ҳайъати расмии Тоҷикистон ҳамчунин аз яке аз бемористонҳои муосири шаҳри Ҷидда барои шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадами пизишкони саудӣ дидан карданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода барои ширкат дар ҷаласаи шашуми вазирони тандурустии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Ҷидда қарор дорад.