Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Обуна шудан
Додситонҳои кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ имрӯз дар шаҳри Душанбе дурнамои ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои ҳуқуқӣ ва қонуниро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Юсуф Раҳмон ва шайх Сауд Ибн Абдуллоҳ Алмуаҷиб дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи равобити ҳуқуқӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар мавриди парвандаҳои ҷиноӣ табодули афкор намуданд.

Второе заседание экономического Форума и сотрудничества арабских государств со странами Центральной Азии и Азербайджана - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: саҳми кишварҳои арабӣ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон бояд бештар шавад

Ба гузориши хадамоти матбуотии Додситонии кулли ҶТ, дар ин дидор масоили истирдоди ҷинояткорон, бозпас додани зиндониён барои адои ҷазо дар зодбум, баррасии сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ,  мубориза бо теруризму ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуданд.

Додситони кулли Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар дувумин нишасти Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ширкат кард, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0