Дар ин Шаби шеър шоъирони номдор ва ҷавон Алексей Авғонов, устод Бурӣ Карим, Абдулқодир Алавӣ, Адолатбек Рустамбеков, Азорабек Шукриллоев, Олим Ширинбек ва бархе аз меҳмонон ашъори русӣ, форсӣ ва шуғнии худро хонданд.
Дар чорчӯби ин барнома ҳамчунин маҷмуъаи ашъори Сергей Есенин дар тарҷумаи устод Лоиқ Шералӣ рӯнамоӣ шуд. ин маъмуъаро Бунёди мероси фарҳангии устод Садриддин Айнӣ дар Душанбе мунташир кардааст.

Гардонандагони Шаби шеъри тоҷикӣ дар "Хонаи миллатҳо" Фарзона Ширинбек ва Умед Ҷайҳонӣ. Маскав, 6 декабри соли 2017

Алексей Авғонов - шоъири русизабони тоҷик дар Шаби шеъри тоҷикӣ китоби тарҷумаи ашъори Сергей Есенин ба қалами устод Лоиқ Шералиро муаррифӣ кард

Намояндагони Федеросюни муҳоҷирони Русия дар меҳмонии Шаби шеъри тоҷикӣ.

Устод Бурӣ Карим ҳангоми шеърхонӣ дар Шаби шеъри тоҷикӣ

Меҳмонони Шаби шеъри тоҷикӣ

Фотима дар навои рубоб мерақсад. Лаҳзае аз Шаби шеъри тоҷикӣ

Устод Абдулқодир Алавӣ ашъорашро барои меҳмонон мехонад

Шоъири форсигӯй ва шуғнисаро Адолатбек Рустамбеков

Азорабек Шукриллоев - шоъири форсигӯй ва шуғнисаро

Сайёра Ҷамолӣ ғазале аз Саъдиро бо шӯру шавқ мехонад

Дидор Рашидов - шоъири навқалам аз насли дувуми муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Усмон Муҳибалихонов - шоъири навқалам аз насли дувуми муҳоҷирони тоҷик

Дуктур Олим Ширинбек - пизишк ва шоъире, ки ба забонҳои форсӣ, русӣ, шуғнӣ ва шикошимӣ шеър мегӯяд

Ҳунарнамоии гурӯҳи рақсии "Нур" дар Шаби шеъри тоҷикӣ