Эмомалӣ Раҳмон барои воридоти маҳсулоти пастсифат чанде аз масъулинро барканор кард

Обуна шудан
Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хӯрокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати  Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис нахуст гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2022 ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" шунида шуд.

Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири молияро аз вазифа сабукдӯш кард

Сипас, аъзои ҳукумат масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ"Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон", Дар бораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дар бораи барномаи корҳои оморӣ барои соли 2018 ва Дар бораи Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 — ро баррасӣ карданд.

"Вобаста ба иҷрои Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри ҶТ барои солҳои 2018-2022 раисҷумҳур ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои фарҳанги ҷумҳурӣ, аз ҷумла театрҳо, китобхонаҳо, осорхонаҳо ва шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо дастуру супришҳои мушаххас дод",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Парчамро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

 Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Қалъаихумб-маркази ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ва Дар бораи Нақшаи генералии деҳаи Баҳор — маркази ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон раисони ноҳияҳои номбаршуда ҳисобот доданд.
Нақшаи генералии ноҳияҳои номбаршуда бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, дар охири кори маҷлис  раисҷумҳур ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои кишвар, вазорату кумитаҳои давлатӣ бобати иҷрои дастурҳое, ки аз маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ бармеояд, супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис раиси Ҳукумати ҶТ  Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба воридоти маҳсулоти хурокаи пастсифату ба саломатии мардум зараровари озуқа изҳори нигаронӣ намуд.

"Ҳамин тавр бинобар беэътиноӣ зоҳир кардан ба вазифаҳои ишғолкарда ва беназоратӣ нисбат ба воридоти маҳсулоти пастсифати хӯрока, аз қабили гушти мурғ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Ибодулло Карим, Хадамоти назорати байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазиров Шералӣ Сафаралиевич ва Хадамоти назорати давлатии санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Холмуҳаммад Карим аз вазифа озод карда шуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0