Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Парчамро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардум ва фарҳангии мо аст", - иброз дошт раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи парчамро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур парчами милллиро мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ ва фарҳангии тоҷикон гуфт, ки мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи қабул гардидани ин рамзи давлатӣ ёдовар шуд.

"25 сол муқаддам дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи навини Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсоз сабт шудааст, дар баробари дигар масъалаҳои муҳимтарини он айёми ноором масъалаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вакилони иҷлосия пешниҳод гардид",- гуфтааст раисҷумҳур.

Национальный день бега в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рӯзи Парчамро дар Душанбе бо марафони дучархасаворӣ ва дави миллӣ ҷашн мегиранд

Ҳамчунин кишвардор ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон Рӯзи парчамро аз 24-уми ноябри соли 2009-ум инҷониб Рӯзи парчамро ҳамчун рамзи эҳтиром ба нишони давлатӣ ҷашн мегиранд.

"Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба онҳо дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ халқи моро ба қуллаҳои мурод расонад, афзуд раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0