Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири молияро аз вазифа сабукдӯш кард

Обуна шудан
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои як қарор муовини вазири молия-Латифов Умед Баротовичро аз вазифа озод кард

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти президенти ҶТ муовини вазири молия-Латифов Умед Баротович аз вазифа сабукдуӯш карда шуд.

"Латифов Умед Баротович аз вазифаи муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад",-омадааст дар қарори президент.

Ҳамчунин қаблан хабар дода шуд, ки Қодир Қосим собиқ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон имрӯзРаиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таъин гардид.

Лентаи хабарҳо
0