Парчами Тоҷикистон: намоди озодӣ, оромӣ ва ободӣ

© AP / Olga TutubalinaГосударственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото
Государственный флаг Таджикистана на флагштоке в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хотироташ аз тарроҳӣ ва таҳияи ин парчамро дар миён гузошт

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik, Умед Ҷайҳонӣ. Бисту панҷ сол пеш аз ин дар чунин рӯзе иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфта буд. Ба ин муносибат имрӯз дар саросари кишвар барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва суханрониҳо баргузор мешаванд.

Аммо ин парчам пештар аз рӯзе падид омада, ки дар он иҷлосия тасвиб шудаст. Достонаш чунин аст, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ намодҳояш низ аз корбурд фурӯ уфтоданд. Тоҷикистон, ки тоза мустақил шуда буд, ниёз ба намодҳои кишвардории худсолор дошт, аммо ба ночор досу чакушу ситораро аз парчами ҶШС Тоҷикистон бардошта ҳамонро ба кор мебурд.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Парчамро ба мардуми Тоҷикистон табрик гуфт

Давлат барои офаридани намодҳои кишвардорӣ озмун эълом кард ва баҳсҳо тафсону пешниҳодҳо гуногун шуданд. Шаҳноз Комилзода, яке аз кунишгарони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хотироташ дар бораи ин баҳсҳо ва падид омадани яке аз нахустин нусхаҳои Парчами миллиро дар миён гузошт.

"Бисту шаш сол пеш аз ин як шом гурӯҳе аз ҷавонони донишманд, ки аз он миён дар хотирам танҳо падарам Аҳмадшоҳ Комилзода, зиндаёд устод Тоҳир Абдуҷаббор ва Рустам Абдураҳим монда,  дар хонаамон ҷамъ омадаву бо ҳама ҳастиашон бар сари парчаму нишони миллӣ баҳс доштанд" — мегӯяд вай.

"Онҳо бояд то субҳ ин парчамро барои касе муаррифӣ мекарданд. Саранҷом, пас аз баҳсу баррасиҳои тулонӣ ба натиҷае расиданду модарамро гуфтанд: "Янга, сандуқатро кушо ва матоъҳои сурху сафеду сабзатро берун ор…". Аммо миёни матоъҳо порчае ба ранги сабз пайдо нашуд. Шуруъ карданд ба занг задану пурсуҷӯ кардан, аммо пайдо накарданд. Ҳамон лаҳза ба хотирам омад, ки яке аз омӯзгоронам як домани сабз дошт. Модарам маро ва яке аз он ҷавононро, ки ба гумонам Сафарбек Солеҳ буд, гирифту рафтем хонаи омӯзгорам. Пеш аз он ба хонаи ҳунарпешаи номдор Фотима Ғуломова, модари коргардони номӣ Барзу Абдураззоқов, даромадем. Ӯ низ ҳама сaндуқҳову либосҳояшро зеру рӯ кард, аммо порчае ба ранги сабзи пурранг пайдо накард", — ба ёд меоварад Шаҳноз.

"Шаб дер шуда ва бисёр боронӣ буд, вале ночор ба хонаи омӯзгорам рафтем. Модарам аз вай доманашро бо ҳазор илтимосу пӯзишхоҳӣ гирифту хонаамон баргаштем. Модарам мошинаи дарздӯзии дастӣ дошт. Онро насб карду порчаҳоро бо ҳам дӯхт ва яке аз меҳмонон миёни навори сафедаш як тоҷ ва ҳафт ситораро кашид", — афзуд вай.

"Ман ҳам то субҳ нахобидам. Бисёр мехостам бубинам, ки ин мардум чи кор мекунанд ва чи парчамеро омода мекунанд. Ҳарчанд он замон кӯдаке хурдсол будам, аммо то имрӯз ҳар як нақшу пайванди он парчамро дар хотир дорам. Дақиқан ҳамин парчам буд, ки ҳоло рамзи давлату миллати мост. Шояд ин парчам барои касе як порча матоъ бошад, барои дигаре як рамз… Аммо барои ман ин парчам — нишони ғурури миллии ман аст. Нишони истиқлоли миллати ман аст. Ман дидаам, ки бо чи меҳру заҳмату садоқат онро таҳия карда буданд. Чанде пеш шунидам, ки ин парчам ҳоло дар осорхонаи Маркази варзишии теквондо нигаҳдорӣ мешавад", — гуфт Шаҳноз Комилзода.

24-cолагии парчами давлатии ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Парчами Тоҷикистон - рамзи ваҳдат ва ягонагии миллат

Он гурӯҳ аз ҷавонон он парчамро ба ҳамон озмун пешниҳод кард, ки дар поёни соли 1991 натиҷагирӣ шуда буд. Ин гурӯҳ парчамро бо баҳрагирӣ аз усули торихӣ — фарҳангӣ таҳия карда буд. Рангҳои сурху сафеду сабз дар он на танҳо дар Парчами ҶШС Тоҷикистон низ буданд, балки пешинаашон ба чанд ҳазор сол пеш низ бар мегардад. 

Аз ин ҷост, ки ин рангҳо ё бархе аз онҳо дар парчамҳои дигар кишварҳову сарзаминҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Иристон ё Осетия ва Курдистон низ ба кор рафтаанд. Ин рангҳоро дар ин парчамҳо чунин таъбир мекунанд, ки ранги сурх намоди озодӣ аст ва ранги сапед — намоди оромӣ ва ранги сабз — намоди ободӣ.

Лентаи хабарҳо
0