
Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ дорад: ранги сурх рамзи ҷоннисориҳои миллат барои озодӣ, ранги сафед бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ, ранги сабз бошад сарсабзии кишвар мебошад.
Ин рангҳо ё бархе аз онҳо дар парчамҳои дигар кишварҳову сарзаминҳои мардумони эронитабор, аз ҷумла Эрону Афғонистон ва Иристон ё Осетия ва Курдистон низ ба кор рафтаанд. Ин рангҳоро дар ин парчамҳо чунин таъбир мекунанд, ки ранги сурх намоди озодӣ аст ва ранги сапед — намоди оромӣ ва ранги сабз — намоди ободӣ.