Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкориҳоро густариш медиҳанд

© Фото : МИД РТВстреча с Директором Департамента Континентальной Европы Министерства иностранных и европейских дел Франции
Встреча с Директором Департамента Континентальной Европы Министерства иностранных и европейских дел Франции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳайъате баландпоя аз Вазорати умури хориҷии Фаронса бо намояндагони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар масоили сиёсӣ машварат кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Вазири умури хориҷии ҶТ Сироҷидин Аслов дар Душанбе бо мудири Дафтари Урупои қораӣ дар Вазорати умури Урупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса хонум Флоранс Манжан дидор кард.

Посол Франции Ясмин Гуедар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафири Фаронса: Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷо хоҳад гирифт

Ба иттилоъи хадамоти расонаии ВУХ ҶТ, ин дидор дар ҳошияи машваратҳои сиёсии вазоратӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса баргузор шуда ва дар он ҳамчунин сафири фавқулодаву мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар ҳузур доштааст.

Дипломатҳои тоҷику фаронсаӣ дар ин мулоқот масоили муҳимми равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ карданд.

"Ҳавасмандии ҷонибҳо дар таҳкиму тақвияти минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, равобити ду кишвар дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва илм таъкид гардид. Дар ин радиф, ҷонибҳо аз баргузории даври дуюми машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Фаронса истиқбол намуданд", — таъкид кардааст ВУХ ҶТ.

Мусоҳибон инчунин дар атрофи мавзӯъҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар мубодилаи афкор намуданд. 

Имрӯз ҳамчунин даври дувуми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор шуд.

Ҳайъати Тоҷикистонро муовини вазири умури хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода ва ҳайъати Фаронсаро хонум Флоранс Манжан раҳбарӣ намуданд. Дар машваратҳо ҳамчунин хонум Ясмин Гуедар ширкат дошт.

Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкориҳои фарогир ва мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Фаронса дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, обу энергетика, саноат, тандурустӣ, маориф, илму фарҳанг ва туризм дар меҳвари музокирот қарор доштанд.

Ҷонибҳо инчунин дар мавзуъи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир табодули назар карданд. Мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзуъҳои ҳамкориҳо дар минтақаро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фарҷоми машваратҳо омодагии мутақобил ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои афзалиятнок иброз гардид.

Лентаи хабарҳо
0