ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати фарҳанг, ин қарор дар дидори вазири фарҳанг бо сафири Фаронса дар баррасӣ шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Фаронса суҳбат кардаанд.
Дар ин дидор баргузории намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар осорхонаи Гимеи Порис, ки соли 2019 баргузор мегардад, баррасӣ шудааст.
Сафири Фаронса дар Тоҷикистон, хонум Ясмин Гуедар гуфтааст, ки "ман бовар дорам, намоишгоҳи Тоҷикистон дар Порис дар сатҳи олӣ баргузор шуда, аз ҷониби мардуми Фаронса хеле хуш пазируфта хоҳад шуд. Тоҷикистон дар қалби мардуми мо ҷоеро мегирад, ки сазовори он аст".
Ҳамчунин хонум Ясмин Гуедар изҳор дошт, ки барои самаранок ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи судманд дар доираи салоҳияти кориаш талош хоҳад кард.
"Намоиши мазкур имконияти хубест барои муаррифии фарҳанги Тоҷикистон ва таҳкими рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид, — гуфтааст Шамсиддин Орумбекзода.