Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки ҶТ дар Русияро иваз кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбари нави Намояндагии Хадамоти гумруки Ҳукумати ҶТ дар Русияро таъйин кард

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ба иттилоъи хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раҳбари нави Намояндагии Хадамоти гумруки ҶТ дар Русияро таъйин кард. 

"Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин Роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия таъин карда шавад", — гуфта мешавад дар матни қароре, ки Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст.

Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон сарконсули ҶТ дар Маскав ва бархе аз кадрҳои ВКХ-ро ҷо ба ҷо кард

Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 22 ноябр бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насриддинов муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Маскав, Уфа, Алмаато ва муовини мудири Дафтари Кумитаи иҷроии Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар шаҳри Минск низ таъйин шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0