Эмомалӣ Раҳмон сарконсули ҶТ дар Маскав ва бархе аз кадрҳои ВКХ-ро ҷо ба ҷо кард

© Пресс служба президента РТВизит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области
Визит Эмомали Рахмона в Кубодиёнском районе хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур дар дидор бо кормандони тозатаъйиншуда таъкид кард, ки ҳангоми адои хидмати давлатӣ манфиати давлату миллатро аз ҳар манфиати дигар бартар гузоранд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои масъул дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ ва роҳбарии ҳайатҳои намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилоти байналмиллалӣ таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфт, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

"Ҳамчунин, дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон Консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Москва ва Уфа, Алмаато,  ва муовини Сардори Департаменти Кумитаи иҷроияи ИДМ (дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорусия) аз ҳисоби мутахассисони ҷавони соҳибтаҷриба ва донандагони зиёда аз ду забони хориҷӣ таъин гардиданд",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Гуфта мешавад, зимни сӯҳбати раисҷумҳур ба кадрҳои ба вазифаҳои масъули соҳаи дипломатия таъин гардида барору комёбӣ орзу намуда, таъкид дошт, ки зимни адои хизмати давлатӣ манфиати давлату миллатро аз ҳар манфиати дигар боло гузошта, барои рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва равобити дӯстона миёни  Тоҷикистон ва кишвари иқомат тамоми донишу таҷриба ва маҳорати кордонии худро истифода намуда, садоқати худро ба Ватан дар амал исбот намоянд.

Лентаи хабарҳо
0