ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Раҳбари Дафтари миллии Интерпол дар ВУД ҶТ Абдуғаффор Азизов эълом кард, ки ҳамакнун 2528 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайгарди Пулиси байналмилал қарор дорад.
"Шаҳрвандоне, ки дар пайгарди Интерпол қарор доранд, барои судури ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои хусусияти теруристиву экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳо, мавриди пайгард қарор гирифтаанд", — гуфта вай дар мусоҳиба бо рӯзномаи расмии "Ҷумҳурият".
Сарлашкар Азизов тавзеҳ додааст, ки аз ин шумор 1873 касашон узви гурӯҳҳои теруристӣ ва ифротӣ, аз он ҷумла 35 кас узви Ҳизби наҳзати исломӣ ҳастанд, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст.
"Онҳо барои содир намудани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм ва экстремизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани экстремизм, исёни мусаллаҳона айбдор дониста мешаванд", — тавзеҳ додааст вай.
Ба гуфтаи сарлашкар Азизов, Дафтари миллии Интерпол дар ВУД ҶТ бо дафтарҳои Пулиси байналмилал дар дигар кишварҳо ҳамкории танготанг дорад.
"Дар паи ҳамин ҳамкорӣ буд, ки то ин давра аз давлатҳои Аврупо 6 нафар аъзои фаъоли ҲНИТ боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шуданд", — гуфтааст вай.
Ҳукумати Тоҷикистон ҲНИТ-ро масъули ошӯби мусаллаҳонае донист, ки муовини пешини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзода 4 сентябри соли 2015 бардошта буд.
Ин ҳизб муттаҳам ба сармоягузорӣ дар кӯшиши кудето шуд ва ҳама раҳбарони Шурои олии сиёсии он 16 сентябр боздошт шуда ва Додгоҳи олии Тоҷикистон 26 сентябр бо ҳукме Ҳизби наҳзати исломиро созмони теруристӣ ва ифротгаро эълом ва фаъолияташро мамнуъ кард.