Сипаҳбад Раҳимзода: СҲШ дер ё зуд ҲНИТ-ро созмони теруристӣ хоҳад шинохт

Обуна шудан
Вазири умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, ки наздикони аъзои гурӯҳҳои мамнуъшуда дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҲНИТ, таҳти фишор ва пайгарди қонун қарор надоранд

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои тоҷикӣ, вазири умури дохилаи ҶТ Рамазон Раҳимзода ин матлабро имрӯз дар нишасти расонаӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфтааст.

Сипаҳбад Раҳимзода гуфтааст, ки наздикони аъзои гурӯҳу созмонҳое, ки фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон қонунан мамнуъ шудааст, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зери фишору дар пайгарди қонун қарор надоранд.

Вай гуфтааст, ки даъват шудан барои бозпурсӣ ба ниҳодҳои интизомӣ маънои фишору таъқибро надорад.

"Агар ба шакли шоҳид даъват шуданд, ё барои гирифтани иттилоъ бозпурсӣ шуданд, ин маънои таъқибу фишор надорад. Агар шаъну шарафи онҳоро паст зада бошанд, ин масъалаи дигар. Дар ин бора ба мо ягон хел шикоят ворид нашудааст", — гуфтааст вазир дар нишасти расонаӣ.

Рамазон Раҳимзода дар посух бар ин пурсиш, ки оё дуруст аст, ки ҲНИТ дар феҳрасти гурӯҳҳои теруристии Созмони ҳамкории Шонгҳой ворид шудааст, гуфтааст:

"Ин як расмиёт дорад. Расмиёти давлатӣ ва байнидавлатӣ. Дертар ҳам бошад, ҲНИТ-ро ҳамчун ниҳоди террористӣ ба қайд мегиранд. Ниҳоди зиддитеррористии СҲШ ҲНИТ-ро ба феҳрасти террористӣ ворид мекунад".

Лентаи хабарҳо
0