Коршинос: масъулин бояд барои қаҳрамон кардани варзишкор шабу рӯз кор кунанд

© Из личного архива Мухамада АбдурозикиМухамад Абдурозики Нематзод
Мухамад Абдурозики Нематзод - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муҳаммад Абдурозиқ Неъматзод мегӯяд, ҳарчанд дастгирии молии варзиш шарти асосии рушди он аст, аммо пеш аз ҳама бояд мудирияти онро ба тарзи дуруст ба роҳ монд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Коршиноси варзишӣ, созмондиҳандаи гурӯҳи варзиши Tajik Sport Муҳаммад Абдурозиқи Неъматзод аз бурду бохти соҳаи варзиш дар Тоҷикистон суҳбат кард. Ба гуфтаи вай, дар кулл дар Тоҷикистон соҳаи варзиш рушд мекунад, сармоягузорӣ ҳам мешавад. Аммо барои пешбурди бештари соҳа бояд мудирияти соҳаро ба таври дуруст ба роҳ монд.

Sputnik: Ба фикри Шумо, оё варзишкорони тоҷик ба андозаи кофӣ пуштибонии молӣ мешаванд ё хайр?

Нематзод: Дар солҳои ахир дар кишвар чандин толору майдонҳои варзишии зебо ва мудерн ба баҳрабардорӣ расидааст. Шумораи медолҳои бадастовардаи варзишкорони тоҷик зиёд гаштааст. Бошгоҳҳои варзишии зиёде пайдо шудаанд, ки беҳтарин варзишкоронро ҷалб мекуннд ва ба қадри имкони худ онҳоро пуштибонии молӣ мекунанд. Аз ин ҷиҳат вазъияти варзишии мо беҳтар аз солҳои пеш аст. Аммо дар бахши мудириятӣ ниҳодҳои варзишӣ ва барномарезии дуруст барои омода кардани варзишкорони сатҳи ҷаҳонӣ ҳануз ҳам надорем.

Самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беҳрӯз Хоҷазода: пирӯзӣ ба осонӣ ба даст наомад

Sputnik: Аз нигоҳи коршиносон кадом соҳаҳои варзиш дар Тоҷикистон рушд ёфтаанд?

Неъматзод: Тоҷикистон ҳамеша дар риштаҳои куштӣ, муштзанӣ, гурзандозӣ, теквондо ва қоиқронӣ пешрафтҳои хубе доштааст. Медаловартарин риштаи варзиши олимпии мо дар соли 2017 ин ҷудо буд. Тиллои мусобиқоти ҷудои мардони Осиё, тиллои Гранд-прии Тошкант, нуқраи Гран-прии Анталия ва медали биринҷии Ҷоми Урупои Комроншоҳи Устопириён, медали нуқраи Ҷоми Урупои Суҳроб Боқиев, медалҳои биринҷии Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов аз рақобатҳои ҷудои ҷавонони ҷаҳон, медали бириҷии Ҷамолиддин Абдуллоев аз рақобатҳои ҷаҳонии ҷудои наврасон, медали тиллои Раҳматуллобек Фарҳодов аз мусобиқоти ҷудои ҷавонони ҷаҳон Осиё ва тиллои Ҷаҳонгир Маҷидов ва Разиалоҳ Лоиқов аз беҳтарин дастовардҳои ҷудокорони тоҷик ҳастанд.  Варзишкорони тоҷик дар пурталошӣ ва заҳматкашӣ беназиранд.

Sputnik: Тоҷикистон қаҳрамонҳояшро "дилгарм" мекунад?

Неъматзод: Пеш аз оғози бозиҳои олимпии 2016 раисҷумҳури Тоҷикистон барои варзишкорони медоловар ҷоизаи нақдӣ муқарар кард. Мо худ шоҳиди он будем, ки ин ҷоиза ба Қаҳрамони бозиҳои олмпии 2016 Дилшод Назаров тақдим шуд. Ҳамчунин дигар варзишкороне, ки натиҷаҳои хуб ба даст оварда буданд, ҷоизаи нақдӣ дарёфт карда буданд. Ин амали хуб аст, вале ҳамаи мо медонем, ки ин кофӣ нест. Моҳи октябри имсол дастаи бокси занони кишвар ба далели набуди пул натавонист дар мусобиқоти Осиё ширкат кунад. Онҳо омодагии комил диданд ва бисёр дилшикаста ҳам шуданд.

Sputnik: Пирӯзии Беҳрӯз Хоҷазодаро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Неъматзод: Беҳруз Хоҷазода рекорди зиндаёд Саидмуъмин Раҳимовро шикаст. Ин паҳлавони хушахлоқу хоксор аввалин тиллои мусобиқоти самбои ҷаҳонро дар замони истиқлол ва дувуминро дар торихи тоҷикон ба кишвараш эҳдо кард. Иродаи шикастнопазири Беҳруз ва заҳмату талошҳои худаш ва мурабияш Садриддин Обидов буд, ки ин унвонро ба даст овард.

Sputnik: Ҳар варзишкор метавонад дар ҳолати лат хӯрдани даст бозиро идома диҳад?

Fight Nights Global, таджик Фарион Одилов против бойца FIGHT NIGHTS Давида Гладуна - Sputnik Тоҷикистон
Пуштибонии молии давлат аз варзишҳои размӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд

Неъматзод:  Ин гуна рухдодҳо дар торихи варзиш будаанд. Дар ин ҳолат варзишкор шуҳрату обрӯяш бештар мешавад. Масалан, ҷудокори рус Димитрий Носов дар олимпиадаи соли 2004 дар Юнон барои ба даст овардани биринҷӣ бо дасти шикаста пирӯз шуд. Дасти Беҳруз Хоҷазода ҳам дар 26 сония монда то поёни марҳилаи ниҳоии мусобиқоти самбои ҷаҳон дар "қуфли оринҷ" уфтод. Ҳарифаш дасти ӯро наздик буд бишканад, вале вай таҳаммул кард ва бо сабру иродааш ҳамаи мухлисонро ҳайратзада кард. Ин худ як корнамоии дигари ӯст.

Sputnik: Ба фикри Шумо таваҷҷуҳи мардум ба варзиш бештар шудааст ё камтар?

Неъматзод: Тоҷикон мардуми варзишдӯст ҳастанд. Онҳо ҳамеша ба варзиш таваҷҷуҳ доштанд. Ҳоло ман мушоҳида мекунам, ки тоҷикон дар гӯшаву канори ҷаҳон бештар фарзандони худро ба толорҳои варзишӣ мебаранд ва худ ба варзиш машғул мешаванд.

Sputnik: Қазияеро, ки бо Набимуҳаммад Хоркашев рух дод, чигуна арзёбӣ мекунед?

Неъматзод: Албатта, набуди маблағ ин яке мушкилиҳои асосии варзиши тоҷик аст. Мо дар байни кишварҳои Осиёи Миёна, дар ин бахш дар зинаи охир қарор дорем. Пайдо накардани маблағ барои равони кардани Набимуҳаммад Хоркашов ба Сочӣ бисер кори баде аст. Ин мавзуъҳоро бояд масъулини варзишии мо ҷиддӣ пай бигиранд ва дар оянда ба ин иштибоҳҳо роҳ надиҳанд. Бояд аз чанд моҳ пеш мавзуъи сафари дастаҳои миллиро ҳалл кунанд, то ин сару садоҳо ба по нахезад.

Sputnik: Назаратон дар бораи доварии мусобиқот дар Тоҷикистон чигуна аст?

Неъматзод: Доварии дуруст аз асосҳои пешрафти варзиши ҷаҳон аст. Доварон бояд аз ҷумлаи афроди бисёр ҳушманд ва огоҳ ба қонуну қоидаҳои ҷадид варзиш ва бисёр ботаҳаммул ва одил бошад. Расм аст, ки доварон барои дарёфти гувоҳиномаи довари қораӣ ва ҷаҳонӣ аз имтиҳон бигзаранд. Аз ҳамин рӯ, сардоварони мусобиқоти муҳимми кишварӣ ҳам бояд гувоҳиномаи дараҷаи байналмилалӣ дошта бошанд ва ҳеҷ кас дар тасмимгириҳои онҳо мудохила накунад. Мутаасифона чуноне, ки мо мебинем, дар мусобиқаҳои кишварӣ ва байналмилалӣ бархе аз афроди ғайриҳирфаӣ доварӣ мекунанд. Чунончи, порсол дар мусобиқоти бокси ҷавонони Тоҷикистон ягона довари дараҷаи байналмилалӣ аз кишвари моро дар дохил ринг латукӯб карданд. Ҳамчунин довари дараҷаи байналмилалӣ дар риштаи ҷудо Рамзӣ Шамировро аз ҳаққи доварӣ дар мусобиқаҳои кишварӣ маҳрум карданд. Бархе аз доварон ҳатто чигуна ба майдон даромадану истодан ва бо ишораҳои даст ҳукм карданро намедонанд. Дигар ин ки доварон набояд аз як маҳалл интихоб шаванд. Низоми қуръакашии мо як низоми куҳнашуда ва хеле хандаовар аст. Бештари қуръакашиҳои мо ба даст навишта мешаванд. Имсол хушбахтона барои аввалин бор қуръакашии мусобиқоти ҷудои мардони кишвар ба тариқи мудерн ва электронӣ баргузор шуд, ки ин хеле хуб аст.

Sputnik: Барои бештар рушд кардани соҳа дар Тоҷикистон чӣ пешниҳодҳо доред?

Неъматзод: Бояд мудириятро дар ниҳодҳои варзишӣ хуб ба роҳ монем. Агар ҳукумат маблағи хуб ҷудо кунанд ҳам, бе мудирият ва идораи хуб наметавонем аз он истифода кунем. Мудирон бояд касоне бошанд, ки пешрафти варзиши тоҷикро бихоҳанд. Онҳо бояд шабу рӯз дар фикри қаҳрамон кардани варзишкорон бошанд. Агар мудир шавқу рағбат ба варзиш надошта бошад, мо ба ҷое намерасем. Хуб мешуд, ки агар дар ҳама варзишҳои олимпӣ як мураббӣ ва коршиноси хориҷиро ҷалб мекарданд. Шахсе, ки ба низоми мудерни тамрин огоҳ бошад.

Лентаи хабарҳо
0