ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон пуштибонии молӣ аз 9 намуд варзиши размӣ барои ниҳоду бунгоҳҳои варзишии давлатӣ мамнуъ шуд, гузориш медиҳад хабаргузории "ТоҷикТА" бо такя ба манобеъаш дар Кумитаи умури ҷавонону варзиш.
"Пуштибонии молӣ аз 9 намуд варзиши размӣ, аз ҷумла муштзании ҳирфаӣ, греплинг, ҳунарҳои размии таркибӣ (ММА), муборизаи қаҳрамонии ниҳоӣ (UFC), кикбоксинг, разми тан ба тан, разми ҳирфаӣ, new-full contact, панкратион, мамнуъ шудааст", — гуфта мешавад дар ин хабар.
Ин тасмим муассисаҳои омӯзишии варзиширо шомил мешавад, ки дар бахшҳое аз онҳо омӯзиши ин намудҳои варзиши размӣ мамнуъ мешавад.
Қарор шуда, сармояеро, ки барои ин варзишҳо ҳазина мешуда, барои пуштибонии дигар намудҳои варзиш сарф хоҳанд кард. Чунончи, 70 дарсад аз ин сармоя барои густариши варзишҳои олимпӣ ва 15 дарсад барои рушди варзишҳои миллӣ ва ғайриолимпӣ ҳазина карда шавад.