ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Пас аз 42 сол паҳлавони тоҷик қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуд. Ин қаҳрамон-Беҳрӯз Хоҷазода аст.
Варзишкори тоҷик дар вазни 74 кило рақобат кард.
Беҳрӯз рақибони худро шикаст доду ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, бо варзишкори белорус Степан Попов ба майдони баромад.
"Ман ба қаҳрамонии ҷаҳон хеле ҷиддӣ омодагӣ дидам.Ин муҳимтарин мусобиқа дар ин мавсим дар фаъолияти варзишии ман буд, ман ҳадаф доштам, ки медали тилло бигирам. Шодам, ки ба мақсадам расидам. Даври ниҳоӣ албатта мушкил буд. Попов рақиби ҷиддӣ аст-ман ба мушкилӣ ӯро мағлуб кардам", — гуфт Беҳрӯз пас аз пирӯзӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Беҳрӯз пас аз 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимовро, ки соли 1975 дар сабқати ҷаҳонӣ қаҳрамон шуд, такрор кард.
"Албатта ман хабар дорам, ки дуюмӣ варзишкоре пас аз Саидмуъмин Раҳимов, ки қаҳрамони ҷаҳон шуда буд, ҳастам. Вақти зиёд ба варзишкорони мо ин пирӯзӣ даст надод. Ба ман муяссар шуд, қаҳрамон шавам. Ман шодам!", — гуфт паҳлавони тоҷик.
Ба ҷуз Беҳрӯз Хоҷазода, дар рӯзи дуюми мусобиқот, яъне 11 ноябр Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд. Ҳамчунин дирӯз ду варзишкори дигари тоҷик дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карданд. Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардиду Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.
Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Қасри "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома меёбад.
Ба ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохиланд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар — Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) — ворид шуданд.