ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино бар додаҳои Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари қаламрави кишвар ҳаво нимаабриву бебориш хоҳад буд.
дар вилояти Суғд ҳаво имрӯз тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд. Боз аз самти шарқ аз 3-8 то 15-20 метр дар як сония хоҳад вазид. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ низ ҳаво тағйирёбанда ва абрии бебориш хоҳад буд. Бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида ва ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво абриву бебориш пешбинӣ шуда, бод аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония хоҳад вазид. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳаво тағйирёбандву бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят ҳаво шабона 0-5 дараҷа сард ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ВМКБ ҳаво шабона 10-15 ва дар бархе аз ҷойҳо 15-20 дараҷа сард ва рӯзона аз 4 дараҷа сард то 1 дарача гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрии бебориш буда, бод аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм хоҳад шуд.