ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар, имрӯз дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардида, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 10-15 ва дар баъзе ҷойҳо 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дарача гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
"Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад", — омадааст дар хабарнома.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 ва рӯзона 12-14 дараҷа гарм мешавад.