Қарзии хориҷии Тоҷикистон ним милёрд дулор бештар шуд

© AP / EyePress, FILECoins and banknotes of the Chinese yuan are set up together with a U.S. dollar
Coins and banknotes of the Chinese yuan are set up together with a U.S. dollar - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси додаҳои Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии кишвар то оғози моҳи октябри соли 2017 ним милёрд дулор афзудааст

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ожонси давлатии омори Тоҷикистон бо такя ба додаҳои Вазорати молияи ҶТ эълом карда, ки қарзи хориҷии кишвар, ки дар се моҳ пеш аз ин 2,3 милёрд дулор буд, акнун бештар аз 2 милёрду 803 милюн дулор шудааст.

Бино бар охирин додаҳо, қарзи мустақими Тоҷикистон беш аз 2,1 милёрд дулор аст ва қарзҳои дорои замонати давлатӣ 31,7 милюн дулор ва қарзҳои ширкатҳои давлатӣ, ки замонати давлатӣ надоранд, 31,5 милюн дулорро ташкил додаанд.

Монеты - Sputnik Тоҷикистон
Moody's: то поёни сол ҳар шаҳрванди ҶТ 300 дулор ба хориҷиён қарздор мешавад

Чунончи, Бонки миллии Тоҷикистон 112 милюн дулор қарз дорад, ки аз ҷумла 99,6 милюн дулор ба Сандуқи байналмилалии пул, 8 милюн дулор ба Чин ва 4,4 милюн дулор ба Бонки исломии тавсеъа бидеҳкор аст.

Ҳамзамон бо ин Ҳукумати ҶТ тасмим гирифтааст, ки дар 3 соли оянда боз 850 милюн дулор аз хориҷ вом бигирад. Ин тасмим дар Барномаи вомҳои давлатии ҶТ дар солҳои 2018-2020 оварда шуда, ки Маҷлиси намояндагон онро 15 ноябр тасвиб кардаст.

Бино бар ин барнома, Тоҷикистон дар назар дорад 196,5 милюн дулор дар соли 2018, 295,9 милюн дулор дар соли 2019 ва 354,7 милюн дулор дар соли 2020 қарз бигирад.

Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон беш аз 2,3 милёрд дулор ба Чин ва дигар кишварҳову созмонҳо қарздор аст

Бар пояи додаҳои Вазорати молия, ҳанӯз дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ қарзҳои Тоҷикистон 2,3 милёрд буд, ки 35,8 дарсад аз тавлидоти нохолиси дохилаи кишварро ташкил медиҳад. Беш аз 1,2 милёрд дулор аз ин маблағро Тоҷикистон аз Бонки содироту воридоти Чин дарёфт кардааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки осиёии тавсеъа низ маблағи калонеро бидеҳкор аст.

Лентаи хабарҳо
0