Тоҷикистон беш аз 2,3 милёрд дулор ба Чин ва дигар кишварҳову созмонҳо қарздор аст

© Sputnik / Игорь ЛекаркинМинистерство финансов РТ. Архивное фото
Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се соли гузашта вомҳоеро, ки аз Эрон, Узбакистон ва Қазоқистон гирифта, пардохт карда, вале ҳамчунон беш аз 2,3 милёрд дулор ба Чин ва дигар кишварҳову созмонҳои вомдиҳанда қарздор аст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кард, ки қарзи хориҷии кишвар дар шаш моҳи нахусти имсол ба 2 милёрду 303 милюну 400 ҳазор дулор расидааст, ки бо 35,8 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон баробар аст.

Ба гузориши равобити умумии Вазорати молияи ҶТ, ин мизон қарзи хориҷӣ дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта 26 милюн дулор афзоишро нишон медиҳад.

Хурсанд Хуррамов - Sputnik Тоҷикистон
Коршинос: Душанбе дар тасмимгириҳои сиёсӣ низ аз Пекин фармонбардорӣ хоҳад кард

Ҳамакнун аз миёни кишварҳо ва ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ вомдиҳандаи аслии Тоҷикистон Чин аст, ки 1 милёрду 217 милюну 600 ҳазор дулор ба Тоҷикистон қарз дода аст. Пас аз он Бонки ҷаҳонӣ бо 299 милюну 900 ҳазор дулор, Бонки тавсеъаи Осиёӣ бо 227 милюну 500 ҳазор дулор ва Бонки тавсеъаи исломӣ бо 111 милюну 900 ҳазор дулор аз вомдиҳандагони аслии Тоҷикистон ҳастанд.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Сандуқи байналмилалии пул (МВФ ё International Monetary FundIMF) 101 милюну 100 ҳазор дулор, ба Сандуқи тавсеъаи Арабистони Саъудӣ 44 милюну 900 ҳазор дулор, ба Сандуқи тавсеъаи Кувайт 38 милюну 700 ҳазор дулор ва ба давлати Фаронса 24 милюн дулор қарздор аст.

Ҳамзамон Вазорати молия эълом кардааст, ки аз соли 2015 то кунун қарзҳои худро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Узбакистон ва Қазоқистон ба таври комил пардохт кардааст.

Бархе аз коршиносон дарёфти вомҳои калон аз Чинро мояи вобаста шудани бештари Душанбе ба Пекин медонанд, аммо Ҷамолиддин Нуралиев, муъовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба ин нигарониҳо гуфтааст, ки Чин бар хилофи ниҳодҳои молии байналмилалӣ ҳангоми ихтисоси вом ба ин кишвар шартҳои зиёде матраҳ намекунад.

Гуфтанист, чанде пеш яке аз намояндагони маҷлиси қонунгузори Қирғизистон дар матни қарордодҳои вомгирии ин кишвар бо Чин бандеро ошкор карда, истиқлоли Қирғизистонро зери суъол мебарад, зеро Пекин додани вом ба Қирғизистонро ба даст кашидани Бишкек аз ҳаргуна даъвову шикоят аз Чин дар Додгоҳҳои байналмилалӣ вобаста кардааст.

Лентаи хабарҳо
0