Moody's: то поёни сол ҳар шаҳрванди ҶТ 300 дулор ба хориҷиён қарздор мешавад

Обуна шудан
Бунгоҳи байналмилалии радабандии иқтисодии Moody's пешбинӣ карда, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар ду соли оянда афзоиш хоҳанд ёфт

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Бунгоҳи байналмилалии "Moody's" да гузорише, ки ахиран мунташир кардааст, пешбинӣ карда, ки қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар ду соли оянда ба 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар хоҳад расид.

Бар асоси пешбинии ин бунгоҳи радабандии иқтисодии байналмилалӣ, дар солҳои 2018 ва 2019 ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии кишвар хоҳад расид.

Министерство финансов РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон беш аз 2,3 милёрд дулор ба Чин ва дигар кишварҳову созмонҳо қарздор аст

Коршиносони ин бунгоҳ иллати афзоиши қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро сармоягузорӣ дар тарҳи сохтусози нерӯгоҳи барқобии "Роғун" медонанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки дар моҳи сентябри имсол Бонки миллии Тоҷикистон саҳмияҳои молии ин нерӯгоҳро дар бурсҳои байналмилалӣ ба фурӯш гузошт то аз ин ҳисоб манобеъи молии мавриди ниёз барои такмили сохти нерӯгоҳи барқобии "Роғун"-ро фароҳам созад.

Ҳамакнун мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 2 милёрду 300 милюн дулор, баробар бо 35 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар аст.

Бино ба додаҳои расмӣ, сақфи ниҳоии мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон 40 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст, ки дар соли 2018 ба 39,4 дарсад хоҳад расид, ки аз ҳадди варшикастагӣ убур нахоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0