ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон, дар таҳияи будҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ҳаҷми Тавлиди нохолиси дохилӣ (ТНД) аз рӯи афзоиши воқеъӣ ба андозаи 7,0 дарсад ба маблағи 66,8 милёрд сомонӣ, шохиси зимнии ТНД — 3,0 дарсад, меъёри таваррум — 7,0 дарсард ва нархи миёнаи солонаи пули миллӣ нисбат ба 1 дулори амрикоӣ 9,0 сомонӣ дар асоси дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади будҷаи давлатӣ дар соли 2018 ба маблағи 21 милёрду 3 милюн сомонӣ ё 31,4 дарсад аз ТНД пешбинӣ гардидааст, ки ин рақам нисбат ба соли 2017 ба андозаи 7,3 дарсад ё 1 милёрду 434,5 милюн сомонӣ бештар аст.
Даромадҳои ҷории будҷаи давлатӣ, бе дар назар доштани грантҳо, ба маблағи 15 милёрду 767 милюн сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба нақшаи соли 2017 як милёрду 430 милюн сомонӣ ё 10,0 дарсад бештар аст.
Ҳаҷми умумии хароҷоти будҷаи давлатӣ барои соли 2018 аз ҳисоби ҳама манобеъи сармоягузорӣ ба маблағи 21 милёрду 337 милюн сомонӣ дар нақша гирифта шуда, ки ин нисбат ба ТНД 31,9 дарсадро ташкил дода, нисбати буҷети соли 2017 ба маблағи 1 милёрду 474 милюн сомонӣ бештар аст.
Дар тарҳи будҷаи давлатӣ ба сармоягузории бахшҳои иҷтимоъӣ таваҷҷуҳи вижа шудааст, яъне ҳаҷми умумии ҳазинаҳо барои бахши иҷтимоъӣ дар соли 2018 ба 9 милёрду 420 милюн сомонӣ дар назар гирифта шуда, ки нисбат ба будҷаи соли 2017 ба маблағи 327,3 милюн сомонӣ ё ба 44,2 дарсад аз ҳаҷми умумии хароҷоти будҷаи давлатӣ ва 14,1 дарсад аз ТНД-ро ташкил медиҳад.
Будҷаи бимаи иҷтимоъӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ (нафақа) барои соли 2018 аз рӯи даромад ба маблағи 2730823 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз хисоби молиёти иҷтимоъӣ ба маблағи 2665823 ҳазор сомонӣ ва кумакҳои билоиваз (субвенсия) аз ҳисоби будҷаи кишварӣ ба маблағи 65000 ҳазор сомонӣ ва хароҷот ба маблағи 2730823 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар соли 2018 ҳаҷми будҷаҳои маҳаллӣ аз рӯи даромад, бо назардошти субвенсияҳое, ки аз будҷаи кишварӣ ҷудо карда мешаванд, ба маблағи 5782934 ҳазор сомонӣ, хароҷот ба маблағи 5793086 ҳазор сомонӣ ва касри будҷа ба маблағи 10152 ҳазор сомонӣ муайян карда шудааст.