ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои МН имрӯз лоиҳаи Қонуни конститутсионии ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»" ва чанде дигарро ислоҳ кард.
Ба гузориши вебгоҳи расмии МН ҶТ, дар ин ҷаласа ҳамчунин пешнависҳои Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», Қонуни ҶТ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ» ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ки тарҳи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ»" бо мақсади созгор кардани ин қонун бо муқаррароти Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои кишвар, бавижа қонунҳои ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ислоҳи камбуду носозгории санадҳои қонунгузории ҷорӣ ислоҳ шудааст.