Маҷлиси намояндагон Қонуни мақоми пойтахти Тоҷикистонро бознигарӣ мекунад

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкЗдание парламента Республики Таджикистан
Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои Маҷлиси намояндагон пешнависи Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар Маҷлис Абдураҳим Холиқзода дар муаррифии ин тарҳи қонун гуфт, ки онро Ҳукумати ҶТ ба манзури иҷрои банди 2 нақшаи барномаҳое таҳия кардааст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, ки дар мулоқот бо масъулону фаъолони шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2017 дастур додааст. 

Ба иттилоъи дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, ин пешнависи Қонун мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусиятҳои идоракунӣ ва асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии фаъолияти онро муқаррар менамояд.

"Дар ин тарҳ шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди марзиву маъмурие дониста шудааст, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир буда, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чун маҳалли омодасозии шакли аслии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст", — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагон Қонуни конститутсионӣ дар бораи ВМКБ-ро ислоҳ кард

Ҳамчунин кафолатҳои таъмини функсияҳои пойтахт муайяншуда, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт дар алоҳидагӣ муайян гардидааст. Инчунин, меъёри мушаххас оид ба ҳудуди шаҳри Душанбе пешбинишуда, асосҳои ба амал баровардани фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар ҳудуди пойтахт ва хусусиятҳои таъминоти моддӣ ва молиявии пойтахт муқаррар шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0