ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии БМТ, пас аз таътилот ҳар 1 дулори ИМА = 8.8015 сомонӣ, ҳар 1 евро = 10.2502 сомонӣ ва ҳар 1 рубли русӣ = 0.1479 сомонӣ арзишгузорӣ шудаанд.
БМТ ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки ин нархҳо бе уҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харид ё фурӯши арзҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудаанд. Ин нархҳо наметавонанд барои бонкҳои ваколатдор дар муқаррар кардани нархи хариду фурӯши арз бо муштариён асос бошанд.
Гуфтанист, коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисод печида будани сиёсати арзӣ, таваррум ва мизони молиётро монеаҳои аслии рушди тиҷорат дар Тоҷикистон медонанд.
Чунончи, Ярослав Лисоволик, иқтисоддони аршади Бонки рушди Уросиё идомаи бесуботӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистонро яке аз омилҳои фирори сармоягузорони хориҷӣ аз Тоҷикистон мешуморад.
Вай муътақид аст, ки ба иллати ошуфтагӣ дар бозори муомилоти арзии Тоҷикистон, дурнамои ҷазби сармояи хориҷӣ дар иқтисоди ин кишвар равшан нест.
Аз ин рӯ, муҳимтарин монеаи рушди тиҷорат дар Тоҷикистон набуди субот дар бозори муомилоти арзии ин кишвар аст ва таъсири таваррум ва мизони болои молиёт барои бахши хусусӣ дар ин ҷумҳурӣ дар муқоиса бо омили нахуст ба маротиб камтар аст.
Ҳарчанд, ки ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон фаъолияти бахши хусусӣ дар иқтисоду тиҷорат бо монеаҳову маҳдудиятҳои мухталифе рӯбарӯ аст, ки ниёз ба ислоҳоти асосӣ ва бунёдин дорад.