ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ду созмони хурдасармоягузориро аз вом додан ба шаҳрвандон боз доронд, эълом кардааст равобити умумии БМТ.
"Бар асоси қарорҳои №№143 ва 144 аз 30 октябри соли 2017 иҷозаномаҳои ширкатҳои хурдасармоягузории "Дурнамои деҳоти Рӯдакӣ" ва "Фермер", ки Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷоми амалиёти бонкӣ додааст, бозхонд карда шуданд", — гуфта мешавад дар иттилоъияи равобити умумии БМТ.
Ин ширкатҳо пас аз ин бар ҳам дода хоҳанд шуд.
"Ҷанбаҳои дигари фаъолияти созмонҳои мазкур дар асоси қарорҳои қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон омӯхта ва баррасӣ карда мешаванд", — афзуда шудааст дар иттилоъия.
Чанде пеш расонаҳои тоҷикӣ аз роҳандозии "Коммерсбонки Тоҷикистон" хабар дода буданд. Ин бонк бар асоси моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаҳои 7 ва 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" ва бо қарори Раёсати БМТ аз 10 октябри соли 2017 ба №138 таъсис дода шудааст.
"Коммерсбонки Тоҷикистон" барои анҷоми амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ аз БМТ иҷозатнома ё парвона дарёфт кардааст.
Ширкати саҳомии омми "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар паи таҷдиди сохтор дар заминаи ширкати хурдасармоягузории "Фардо" таъсис дода шуда, муассисони он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Раиси ин бонк Ибодулло Саидмуродов таъйин шудааст.
Парвонаи ширкати "Фардо" барои иҷрои амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ, ки 23 июни соли 2016 аз БМТ дарёфт карда буд, бино бар ин таҷдиди сохтор беэътибор шуд.
Ширкати саҳомии омми "Коммерсбонки Тоҷикистон" дар Феҳристи созмонҳои вомдиҳанда ва Маълумотномаи "Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон" номнавис шудааст.
То ин замон дар Тоҷикистон 15 бонки хусусӣ ва як бонки давлатӣ — "Амонатбонк" фаъолият доштанд.
Ҳамзамон дар Тоҷикистон Бунёди восармоягузорӣ барои ёрии молӣ ба бонкҳо ва созмонҳои эътиборӣ ташкил шудааст. Қарор аст, ки ин Бунёд аз рушди иқтисод, корофаринони хурду миёна, рустонишинон ва кишоварзон пуштибонӣ кунад. Ин тарҳро Бонки тавсеъаи Олмон дар чорчӯби Барномаи ҳамкориҳои молии Олмон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад.