ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Ҳодисеа, ки имрӯз Қатар бо он рӯ ба рӯ шуд, сабаби қиммат шудани нархи нафт мешавад, — мегӯяд таҳлилгар.
"Ба фикри ман пайдо шудани боз як манбаъи шиддат барои гарон шудани нархи нафт омили ҷиддӣ хоҳад буд", — гуфт дар суҳбат бо РИА Новости Валерий Нестеров.
Ӯ қайд кард, ки ин қазия барои гароншавиии баҳои нафту бензил асос мешавад.
"Ҳамагуна ҳаводиси носозгор дар Ховари Миёна ба гароншавии нархи нафт оварда мерасонад ".
Баҳои ҷаҳониии нафт дар ҳошияи қазияи Қатар рӯзи душанбе гарон мешавад.
То соати 12.01 (бо вақти Душанбе) нархи нафти навъи Brent барои моҳи август барои як баррел аз 0,98% — то 50, 44 дуллор қиммат мешавад барои моҳи июл бошад, баҳои нафти навъи WTI аз 1,03% то 48,15 дуллор баҳри як баррел гарон мешавад.
Қатар айбдоршавии худро бо як изҳороте дар бораи дахл кардан ба сиёсати дохилии кишварҳои арабӣ ва пуштибонӣ аз гурӯҳҳои тундрав рад мекунад.
"Давлати Қатар аъзои Шӯрои иттиҳоди кишварҳои Халиҷи форс мебошад ва оинномаи онро риоя мекунад, мустақилияти дигар давлатҳоро ҳурмат мекунад ва ба сиёсати дохилии онҳо дахолат намекунад. Ҳамчунин ҳамаи вазоифи худро дар баробари мубориза бо теруризм иҷро мекунад", — омадааст дар изҳороти Вазорати хориҷаи Қатар.
Субҳи рӯзи душанбе Баҳрайн, Арабистони Саудӣ, Иморати Муттаҳидаи Араб ва Миср дар бораи қатъи робитаҳои сиёсӣ бо Қатар эълом карданд. Ҳамчунин Аморати муттаҳидаи Араб дипломатҳои қатариро 48 соат ва мардуми ин кишварро 14 рӯз барои тарки хоки ин давлат мӯҳлат додааст.