Коршинос: Саъудиҳо бар асари буҳрони Қатар аз сармоягузорӣ дар ҶТ даст кашиданд

© Sputnik / Амир ИсаевАбдугани Мамадазимов, архивное фото
Абдугани Мамадазимов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иллати инсирофи Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти муҷтамаъи Маҷлиси Тоҷикистонро бояд дар буҳрони Қатар ҷуст, мегӯяд раиси Анҷумани коршиносони улуми сиёсии Тоҷикистон Абдулғанӣ Мамадазимов

ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Сохтмонҳои нави Маҷлиси Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе бо воми билоивази саддарсадии Чин сохта мешаванд.

Абдулғанӣ Мамадазимов мегӯяд, ин ки Чин хоста барои сохти ин сохтмонҳо сармоягузорӣ кунад, шигифтие надорад.

Здание парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохти Маҷлиси Тоҷикистон мунсариф шуд

"Тоҷикистон дар хатти муқаддами тарҳи чинии "Як камарбанду як ҷода" ё Роҳи нави абрешим қарор дорад, аз ин рӯ мантиқист, ки Чин барои ин кишвар ҳам сармоя ихтисос бидиҳад ва ҳам барои сохтсуоз вомҳои имтиёзнок дар ихтиёраш бигзорад", — тавзеҳ дод вай.

Ӯ дар бораи инсирофи Арабистони Саъудӣ аз сармоягузорӣ барои сохтусози сохтмонҳои нави Маҷлис гуфт, ин масъала бисёр нозук аст.

"Мо, тоҷикон, аз дидгоҳи таборшинохтӣ ва забонӣ ба Эрон наздиктарем, вале аз нигоҳи динбоварӣ ба Арабистони Саъудӣ наздикем", — гуфт Мамадазимов ва афзуд, ки шояд ҳамин далел иллати ихтилоф шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар фурӯдгоҳи Қатар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Қатар

"Арабистони Саъудӣ ин авохир, яъне пас аз нишасти сарони кишварҳои мусулмоннишин ва Амрико дар Риёз, сиёсати тавсеъаталабонаеро пеш гирифтааст. Ҳамчунин буҳрони Қатарро низ дар назар бояд гирифт, ки Арабистони Саъудӣ ва кишварҳои ҳамсӯяш онро дар муҳосира қарор додаву барояш замонзад (ултиматум) муқаррар кардаанд. Аммо Қатар дар Тоҷикистон бузургтарин масҷидро месозад. Аз ин рӯ, масъала бисёр печида аст", — гуфт вай.

Ёдоварӣ мекунем, ки Арабистони Саъудӣ ва эътилофе аз кишварҳои ҳамсӯяш Қатарро муттаҳам ба пуштибонӣ аз созмонҳои ҳаросафкани "ал-Қоъида" ва "Давлати исломӣ" кардаанд. Бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки гусасти равобити сиёсии Қатар бо Арабистон Саъудӣ бар нақшаҳои Чин аз иҷрои тарҳи "Роҳи нави абрешим" асари манфӣ хоҳад расонд.   

Лентаи хабарҳо
0