ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии вилояти Суғд, вилояти Суғд то рӯзи 1 ноябр 92,2 дарсади нақшаи даъвати тирамоҳиро иҷро кардааст.
"То имрӯз шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Айнӣ, Ашт, Бӯстон, Гулистон, Деваштич, Истиқлол ва Кӯҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд",-омадааст дар хабарнома.
Дар шаҳрҳои Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъват ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" сурат мегирад.
Пештар хабар дода шуд, ки аз шаҳри Хуҷанд 1800 тозасарбозонро бо тантанаи бузург ба хидмати низомӣ гусел карданд.