ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар вилояти Суғд то рӯзи 23 октябр, 82,2 фоиз иҷро шудааст.
Манбаъ бо такя ба Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Айнӣ, Зафаробод, Истиқлол, Куҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон нақшаи даъватро пурра иҷро намуданд.
Дар шаҳру ноҳияҳои боқимонда даъват ва сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дорад.
Даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар асоси Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990 – 1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ" сурат мегирад.
Пештар хабар дода шуд, ки аз шаҳри Хуҷанд 1800 тозасарбозонро бо тантанаи бузург ба хидмати низомӣ гусел карданд.